zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба тозагии муҳити атроф, ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки рӯзи шанбе кулли сокинони шаҳр ба ҳашар баромада, бо иштироки фаъолона дар тоза намудани маҳалли зист, ҳудуди корхонаҳо корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.

Тибқи нақша бо ҳадафи омодагии хуб ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилал гузаронидани чунин ҳашарҳои умумӣ ҳар ҳафта дар назар аст.