zoofirma.ru

Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон рафти сохтмони иншооти истеҳсолиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, бо иқдоми ҶДММ "Парандаи заррин" дар шаҳр фабрикаи мурғпарварӣ сохта шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад. Ҳамзамон дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби ҶДММ "Ганҷи Сомон" низ бунёди фабрикаи мурғпарварӣ идома дошта, бо фаъол гаштани ин ду фабрика даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Тибқи маълумоти масъулин давоми панҷ соли оянда дар шаҳр беш аз 20 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ аз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз имтиёзҳои мавҷудаи давлатӣ дар самти бунёди фабрикаҳои мурғпарварӣ ба масъулин барои иҷрои босифати корҳо, ба ободонию кабудизоркунӣ фаро гирифтани атрофи иншоот, мумфаршкунии роҳҳо супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолбарории соҳибкор Ҷаннатой Абдуалиева шинос гардид.

Тибқи нақшаи пешбинишуда дар ду коргоҳи истеҳсолӣ беш аз 40 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Бунёди чунин коргоҳҳои нави саноатӣ имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шавад.

Роҳбари вилоят ташкили чунин коргоҳҳои истеҳсолиро талаботи рӯз арзёбӣ карда, таъкид кард, ки бояд чунин коргоҳҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар вилоят 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ фаъолият намуда, дар ин давра истеҳсоли пойафзол ба 254,7 ҳаз. ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 72,2 ҳаз. ҷуфт зиёд аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд