zoofirma.ru

Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табобат гирифтаанд.

Дар Гулистон теъдоди зиёди осоишгоҳҳо мавҷуд буда, дар шаҳри соҳили Баҳри тоҷик барои истироҳату табобат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Яке аз чунин осоишгоҳҳои маъруф "Соҳил" буда, айни замон сохтмони бинои иловагии он идома дорад. Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, бо сохта шудани бинои нав теъдоди катҳои осоишгоҳ ба 230 адад расид. Бо ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои муолиҷа ва табобату истироҳати муштариён дастгоҳҳои наву замонавӣ ворид ва насб карда хоҳад шуд.

Дар идомаи боздид роҳбари вилоят сохтмони бинои Нозироти андозро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои маъмурӣ бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, он  аз таҳхона, се ошёна иборат аст. Дар бинои маъмурӣ маҷлисгоҳ, утоқҳои корӣ ва ёрирасон, утоқи равзанаи ягона, ошхона ҷойгир карда шуда, барои кормандони Нозироти андоз шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд