zoofirma.ru

Санаи 24.08.2022 аз ҷониби гурӯҳӣ корӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳайати Акрамзода Рашиди Рузи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва намояндаи ШВК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона ва тарғиби фарҳанги миллӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбати сарироҳӣ ба сокинон доир ба пайравӣ нанамудан ба фарҳангу либоси бегона ва рӯй овардан ба фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки миллате, ки дар давлатдорӣ – сиёсат, иқтисодиёт, таълиму тарбия, маишат, оиладорӣ ва дигар самтҳои зиндагии ҳаррӯзаи худ фарҳанги миллии худро эҳтиром мекунад, дар назди миллатҳои мутамаддини олам дар ҳар давру замон соҳиби обрӯю эътибор мебошад. Хеле хуб донистани фарҳанги худ барои роҳ надодан ба худсарона воридшавии ҷузъҳои номатлуби фарҳанги миллатҳои дигар ба фарҳанги миллӣ, ки бегона ва қобили қабул нестанд, мадад мерасонад.