zoofirma.ru

Имрӯз, 30.08.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №1, №14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва МТМУ №3-и Ҷамоати шаҳраки Консой боздид ба амал овард.

Нахуст Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз МТМУ №1 дидан намуда, аз вазъи омодагии муассиса, синфхонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва ошхона дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда барои оғози солҳои хониши 2022-2023 омода мебошад.

Ба масъулин ҷиҳати таъмини пурраи муҳассилин бо либоси ягонаи мактабӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сипас, раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз муассисаи таълимии №14 ва муассисаи давлатии таълимии гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуд.

Директорони муассисаҳо иброз доштанд, ки муассисаҳои таълимии мазкур барои оғози соли хониш шароитҳои заруриро фароҳам овардаанд.

Масъулин барои хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Паз аз ин роҳбарияти шаҳрдорӣ аз МТМУ №3-и Ҷамоати шаҳраки Консой дидан намуд.

Дар рафти боздид Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳа ҷиҳати омодагиҳои ҳамаҷониба, таъмини либоси мактабӣ, таъмини муҳассилин бо китобҳои дарсӣ ва ҷалб намудани мутахассисони касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.