zoofirma.ru

Имрӯз, 22 сентябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 дар бораи Нақша чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, эълон намудани солҳои 2020-2040” дар шаҳри Гулистон муовини Раиси шаҳр Оқилзода Ғайрат Аҳмад суханронӣ намуд.

Доир ба масъалаи мазкур Баротзода Сарҳат Баротӣ - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Мирзо Турсунзода”, №18 ва Қурбонова Одина Мелибоевна вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Носири Хисрав”, №17 ба музокира баромаданд.

Вобаста ба татбиқи Нақша чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, эълон намудани солҳои 2020-2040” дар шаҳри Гулистон Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Доир ба барраси масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия Абдуллоев Абдумуталлиб пулодҷонович вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бедил” №5 ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи  ҳуқуқиро манзур намуд.

Ҳамчунин, ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Рӯдакӣ" №1 Норматова Дилрабо Файзуллоевна оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ оид ба рафти Нақшам чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, эълон намудани солҳои 2020-2040”  ва вазъи соҳаи маорифи шаҳр изҳори назар намуда аз масъулин масъулияти ҷиддиро талаб намуд.

Дар фарҷом раиси шаҳри Гулистон оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, саҳмгузорӣ дар таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.