zoofirma.ru

Дар шаҳру навоҳии кишвар мавсими нави ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардидааст. Деҳқонон дар ин сол меҳнати самаранок намудаанд ва самараи дастранҷи онҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.

Имрӯз 25.09.2022 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо бо роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта ба кишоварзон дар ҷамъоварии ҳосил кумак намуданд.

Дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 350 нафар чинакчиён аз шаҳри саноатии Гулистон иштирок намуданд.

Ба дастранҷи заҳмати кишоварзон баҳои баланд дода шуда, қайд карда шуд, ки шаҳри саноатии Гулистон ҳамеша омода аст, ки дар ҳосилғундории пахта бо деҳқонон паҳлу ба паҳлу бошад ва барои ғанӣ гардонидани хирмани "тиллои сафед" ҳиссагузор бошад.

Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии болозикр иброз намуд, ки нашъунамои пахта хуб авҷ гирифтааст ва умед аст, ки аз ҳар як гектар замин аз 30 то 50 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати то фасли сармо  ҷамъоварии ҳосили пахта ба деҳқонон кумаки худро дареғ намедорад.