zoofirma.ru

Раиси шаҳри Қайроқум Матлубахон Амонзода боз ба як амали хайру  шоиста ибтидо гузошт. Барои ашхоси ниёзманд дар ошхонаю чойхонаҳои воқеъ дар ҳудуди шаҳр, аз қабили “Соҳил”, “Олимҷон”, “Алишер” ва “Шиноварак” ҳафтае се маротиба ба таври ройгон дар нимаи рӯз хӯроки гарм ташкил карда шуд. Аз ин ташаббус ва саховати соҳибкорони нуқтаҳои хӯрока аҳли ҷомеа изҳори сипос мекунанд.