zoofirma.ru

Дар доираи Барномаи “Соли фарди солим”, ки дар вилояти Суғд эълон шудааст, бо ибтикори Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум барои тармиму таҷдиди иншоотҳои соҳаи тандурустӣ аз маблағҳои иловагии буҷаи шаҳр 35 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, сарвари “Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова” соҳибкор Турсуной Зокирова бо пайрави ба ин иқдом таҷҳизотҳои муосири тиббиро, ки арзиши умумии онҳо зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ аст, барои беморхонаю Марказҳои саломатӣ ройгон тақдим намуд.