zoofirma.ru

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба баргузории суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳолати даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон бо омӯзгорони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҷиҳати Тақвияти додани корҳо дар ин самт дар миёни хонандагор вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИҲД - и шаҳр Матлуба Сатторова, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД Мадина Каримова, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросим Аҳлиддин Тоҷиддинов, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Фирӯз Ғаниев иштирок ва суханронӣ намуданд.