zoofirma.ru

Санаи 21.10.2022 дар Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон барои баланд бардоштан ва фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони Созмони хонандагон, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорони фанҳои биология, табиатшиносӣ, рассомӣ ва экология дар бахши ҳифзи муҳити зист, омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ, бедор намудани ҳисси табиатдӯстӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Иди Меҳргон даври шаҳрии озмуни вилоятии "Тирамоҳи заррин" баргузор карда шуд.

Дар даври шаҳрии озмуни вилоятии “Тирамоҳи заррин” намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр, намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, намоянда аз мактаби санъат ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.

Сараввал, директори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Эмомалӣ Бобоев бахшида ба Иди Меҳргон ва моҳияту шартҳои озмун ба ҳозирин маълумот дода, ҳамагонро сидқан ба ин иди миллии аҷдодӣ табрику шодбод гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд.

Сипас, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба моҳият ва арзиши ҷашни Меҳргон суханронӣ намуда аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё намудани ҷашнҳои миллӣ бахусус Меҳргон ёдовар шуд.

Иштирокчиёни озмун маҳсули кори худро аз рӯйи се бахш: ташкили намоишгоҳ, ҳимояи рисолаву рефератҳо ва расми беҳтарин ба намоиш гузоштанд.

Пас аз натиҷагирии аъзои ҳакамон ғолибон муайян гардиданд ва аз рӯйи бахшҳои озмун ба ҷойи 1, 2, 3 ва Дипломи дараҷаи 1,2,3 ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд. инчунин барои иштироки фаъолона ба якчанд муассисаҳо Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Дар дигар бахшҳо низ ғолибон муайян гардида қадрдонӣ карда шуданд.

Ғолибон дар даври вилоятии озмун иштирок менамоянд.