zoofirma.ru

Имрӯз, 22 октябри соли 2022 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

Аз тарафи прокурори шаҳр муроҷиатҳои шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба моҳияти муроҷиатҳо талаботҳои қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар самти замин, манзил ва Кодекси тандурустӣ вобаста ба риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ тавзеҳот дода шуд.

Ҳамчунин, муроҷиати хаттии 4 нафар истиқоматкунандагони шаҳраки мазкур барои баррасӣ қабул карда шуд.