zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр санаи 09.12.2022 Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади таъмини риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат, меъёрҳои бехатарии меҳнат ва стандартҳои меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин баҳри роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо ва риоя намудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории семинари дастурдиҳӣ аз ҷониби Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол баргузор гардид.

Дар саминари мазкур Искандар Муродов роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Сайфуллозода Ҷамшедхон Сайфулло, Абдуҷаббори Абдуфаттоҳ - сармутахассиси Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва Муҳиддинҷон Яъқубӣ - мутахассиси Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд иштирок намуда, доир ба мавзуъҳои тартиби дастурдиҳӣ ба кормандон оид ба ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор, дастурдиҳии муқадимавӣ, ибтидои дар ҷои кор. Тадбирҳои аввалиндараҷае, ки вобаста ба ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои касбӣ дар истеҳсолот ба амал меояд ва роҳҳои пешгирии он ва доир ба вазифа ва уҳдадориҳои корфармоён тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат, меъёрҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳои меҳнат тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Сипас, бо иштироккунандагон суҳбати озод ҷараён гирифт.