zoofirma.ru

Имрӯз, 15.12.2022 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Ғайрат Оқилзода муовини Раиси шаҳри Гулистон, Умаралиева Ӯғулой дотсенти Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Дилбар Бобоҷонова дотсенти Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Хуршед Назаров дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Муслимахон Ҷамолиён раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҳусни оғоз бахшида зикр намуд, ки Ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва тазодҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад. Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, санаҳои муҳими таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, гирифтани пеши роҳи таассубу ихтилоф, пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандии мо аҳамият пайдо намудаанд. Бинобар ин баргузории чунин чорабинии муҳим ба манфиати кор мебошад.

Сипас, баромадкунандагон доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта суханронӣ намуданд.