zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Шуморо самимона ба ифтихори 35-умин солгарди мавлуди муборакатон табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон, ки ба рушду нумуи кишвари азизамон равона гардидааст комёбиҳо таманно менамояд.

Чӣ тавре пойтахти кишварамон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии Шумо ба беҳтарин шаҳр дар миқёси Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон табдил ёфтааст, бигзор рӯзгори шумо низ аз хандаҳои бахт ва ғунчаҳои орзу  гулафшон бошад.

Шоистаи зикр аст, ки саҳми Шумо дар рушди нумуи кишвари азизамон – Тоҷикистон бениҳоят назаррас аст.

Бо ин ҳама орзу ва таманноҳои нек бори дигар Шуморо ба муносибати ин ҷашни фирўзи мавлудатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо офиятмандӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.