zoofirma.ru

Имрӯз, 18.12.2022 дар назди бинои шуъбаи маорифи шаҳр иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро ки бо дастовардҳои назаррас баргаштанд роҳбарияти шаҳр, аҳли зиё - омӯзгорону хонандагон ва волидон самимӣ истиқбол намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ғолибонро самимона муборакбод намуда, дастоварди онҳоро намунаи ибрат барои дигар ҳамсабақонашон арзёбӣ намуд.

Лозим ба зикр аст, ки иштирокчиёни шаҳри Гулистон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 2 мақоми сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд ва ҳамзамон 3 нафар соҳиби нишони "Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва 2 нафар волилайн соҳиби нишони "Маърифатпарвар" гардиданд.