zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд.

Бо ҳамин мақсад санаи 20.12.2022, дар  ҷамоати шаҳраки Зарнисор байни ҷавонон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи ватандӯсти ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022"  мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ  ташкил ва баргузор карда шуд.

Масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва "Мактаби варзиши"-и шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим, ҳиссӣ баланди ватандӯстӣ ва рӯҳияи солимро дар байни наврасону ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун таъмин намоянд.