zoofirma.ru

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!

Ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид.

Ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва Давлати соҳибистиқлол мебошад.

Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба муносибати ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқи обиии «Роғун» таъкид намуданд, ки “Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Дар даврони истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар баробари ин, таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда оғоз гардида,  ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Шаҳри Гулистон дар баробари яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар будан, инчунин ҳамчун шаҳри барқчиён ва энергетикон муаррифӣ мегардад. Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳр имрӯзҳо тавассути меҳнати фидокорона ва суботкорона ба дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ соҳиб шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, навсозии ин иншоототи муҳим оғоз гардида, корҳо бомаром ҷараён доранд.

Итминони комил дорам, ки соли равонро энергетикҳои гулистонӣ бо натиҷаҳои ниҳоии беҳтарин ҷамъбаст карда, дар ин замина, вазифаҳои худро оид ба таъмини неруи барқ бошарафона иҷро намуда, барои пешбурду инкишофи хоҷагии халқи шаҳру вилоят ва беҳбудии зиндагии мардум ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Тамоми кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрро бо Рӯзи кормандони соҳаи энергетика муборакбод намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои меҳнатӣ орзу менамоям.

Рӯзи иди касбӣ муборак бод!