zoofirma.ru

Имрӯз, 22.12.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳурявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раъно Ҳошимзода ғолибонро бо дастовардҳои накӯяшон самимона муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбӣ таманно намуд.

Таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳурявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тадбири бисёр муҳим ва саривақтист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 6 нафар довталабон шаҳри Гулистонро дар даври ниҳоии озмун шоиста муаррифӣ намуданд ва сазовори 1 ҷойи аввал 2 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардида, 3 нафар устодон ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб шуданд.

Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.