zoofirma.ru

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар МТМУ-и №3, шаҳраки Консой бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва иштироки фаъолона дар пешрафти ҷомеа вохӯрӣ доир гардид.

Роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Саида Ғоибова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фахриддин Бегов ва директори МД “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Қайроққум” Темурхон Қаюмов дар назди мактабиён баромад намуданд.

Баъдан мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи Модар байни 6 даста гузаронида шуд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ сарфарозонида шуданд.