zoofirma.ru

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон санаи 01.02.2023 дар асоси қарори Раиси шаҳр озмун барои ишғоли мансабҳои холии  маъмурии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.

Дар озмуни мазкур довталабон барои ишғоли вазифаҳои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармутахассиси бахши умумии назорат ва муроҷиатҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассии пешбари бахши фарҳанги шаҳр, сармутахассис сармуҳосиби ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон иштирок намуданд.

Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд.

Ҳайати Комиссия ба довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд барои фаъолияти арзандаву содиқона намудан ба Ватан ва дар мансабҳои хизмати давлатӣ барору комёбӣ таманно намуданд.