zoofirma.ru

Ба сарзамини биҳиштосои мо боз баҳор омад. Бо фаро расидани ин фасли зебои сол тадбирҳои тозаю озода намудани атрофи коргоҳу манзили зист, кӯчаву маҳаллаҳо ва шинонидани гулу ниҳолон оғоз ёфта, мардум шанбегиҳо мегузаронанд.

Дар робита ба ин амалҳои шоиста ва ҷонибдори аз иқдоми «500 рӯзи меҳнати зарбдор» тамоми бошандагони шаҳр рӯзи шанбе якдилонаю сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, нармкунии бехи дарахтон ва тоза кардани саҳни биноҳо аз партов машғул шуданд. Аз ҷараёни хуби кор возеҳ буд, ки шаҳрвандон ба нишонаи хоси баҳор, зиндашавии табиат ва ба зиндагиву ояндаи нек дилгармона саъй доранд, то ҷашни Наврӯзи байналмилалро сазовор истиқбол ва дар ободии диёри азиз саҳми хешро гузоранд.