zoofirma.ru

Имрӯз, 11.03.2023 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузории ҳашари тозагиву ободониро ба роҳ монд.

Намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба ҳашари тозагиву ободонӣ баромаданд.

Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.

Дар ҳашати тозагиву ободонӣ аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонау муассиса, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хиёбону гулгаштҳоро хазони дарахтон, хасу хошок тоза намуда,баровардани партовҳоро ба роҳ монданд.