zoofirma.ru

Боиси ифтихор аст, ки унсурҳои деринаи ҷашни Наврӯз ба шакли зинда то ҳанӯз дар сарзамини тоҷик чун фарҳанги мардумӣ, ба шакли беолоиш вуҷуд доранд. Ба истилоҳи баъзе аз фарҳангшиносон «иморати хештаншиносии тоҷикон ду шоҳсутун дорад: яке забон ва дигаре ҷашнҳои аҷдодии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва ҷашни Сада”.

Имрӯз, 20 марти соли 2023 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо ташаббуси ҶМТКММ “Апрелевка”, ҷамоати шаҳрак, ташкилоту муассисаҳои шаҳрак ба ҳам омада, ҷашни Наврӯзро барпо намуданд.

Дар тантанаи таҷлили ҷашни Наврӯз Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бевосита иштирок намуда, аз омодагӣ ва таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Наврӯз изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зикр  карда шуд, ки: “Ин ҷашни пурифтихори аҷдодӣ ки имрӯз дар саросари дунё бо номи шевои тоҷикӣ ба забон оварда мешавад, ҳамчун дастоварди тамаддунии башар рангоранг ва бо шаҳомати арзанда таҷлил мегардад. Бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи он дар иҷлосияи 64уми Созмони миллали мутаҳид қабул гардида, характери ҷаҳониро ба худ касб кард”. Роҳбари шаҳр ишора ба муҳимияти соли 2023 намуда, қайд намуд, ки имсол моро дар пеш боз ҷашнҳои бузурги Ваҳдату Истиқлолият интизоранд. Аз ин хотир ҳар яки мову Шумо бояд барои ободии ватан камари ҳиммат баста, сарҷамъона ва бо меҳнати ҳалол фаъолият намоем.

Сипас саноатчиёну нақбканон ва пешқадамони истеҳсолоти ҶМТКММ “Апрелевка” бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, барномаи калони консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар доир гардид.

Тобише, ки дар ин ҷашнвора басо хотирмон барпо карда шуд, ин оростани хони Наврӯзӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои шаҳрак ва аҳолии маҳал ба ҳисоб мерафт. Ҳар кадоми онҳо дар хаймаи алоҳида дастархони худро бо нигоришҳои ҳафтсину ҳафтшин оро дода, ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд.

Ҳакамон таҳти роҳбарии Раиси шаҳр ба иштирокчиён баҳои баланд дода таъкид намуданд, ки ин тадбир дар тарғибу ташвиқи фарҳанги зебоипарастӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонувон, занони соҳибзавқ, ҳунарманди моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати  дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти калон дорад.