zoofirma.ru

Имрӯз, 21.03.2023 дар маҳаллаҳои маркази шаҳри Гулистон сокинон таҷлили Ҷашни Наврӯзро бо омода намудани суманак ва оростани хони Наврӯзӣ истиқбол гирифтанд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  сокинонро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфт.

Таъкид карда шуд, ки ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврўзи оламафрўзи байналмилалӣ қадами мубораку зиндагисози худро гузошт. Наврўз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандўсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврўзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ бо рўҳбаландӣ истиқбол менамуд. Дар ҳақиқат Наврўз иди бузургтарини миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рўз, дарки тағйирёбии табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд дорад.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳ ва арзиши бузурги Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар паёми шодбошии худ соли ҷорӣ зикр намуданд: “Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад. Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад. Густаришу ситоиши хираду дониш ва муҳаббату самимият дар байни одамон, сулҳу субот миёни қавму миллатҳо ва шодиву нишоти ҳамаи афроди ҷомеа моҳият ва фалсафаи зиндагисози Наврӯз аст, ки тайи ҳазорсолаҳо ба мардуми мо ва халқҳои дигар хизмат кардааст”.

 

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои дилнишин табъи сокинонро болида гардониданд.