zoofirma.ru

Хайру садоқат ва таваҷҷӯҳ ба табақаҳои нодор амали неку кори савоб аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар рӯзҳои ид то қадри имкон ба ниёзмандон дасти мадад дароз менамояд.

Ба ин иқдоми анъанавии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода шахсони хайрхоҳ ва сарпарастон низ пайравӣ мекунанд.

Дар арафаи иди Наврӯз бо ҳидояти Раиси шаҳр 15 нафар ашхоси ниёзманд аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи хизматрасонӣ дар хона бо маводҳои озуқа аёдат карда шуданд. Бо сипосмандӣ дасти дуо бардоштани нафарони осебпазири ҷомеа дар ҳаққи инсонҳои қадршинос ва хайрхоҳ ифодагари хушбахтию хурсандии эшон буд.