zoofirma.ru

Имрӯз, 09.05.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи МИҲД - и вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода заҳматкаши ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафия Атоеваро аёдат намуда, ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба муборакбод намуданд.

Аснои суҳбат зикр карда шуд, ки Сафи Атоева модари 6 фарзанд буда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун заҳматкаши ақибгоҳ фаъолият намудааст. Ҳамчунин, пас аз хотимаи ҷанг то ба давраи ба нафақа баромадан дар соҳаҳои гуногун фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Имрӯзҳо давлату ҳукумат машаққатҳои ӯро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ва меҳнати фидокоронаатонро ба назар гирифта ӯро ҳамчун заҳматкаши ақибгоҳ мешиносад ва қадр менамояд.

Сафия Атоева аз гузашти замонаҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарф зада, шукронаи сулҳу субот ва осмони мусаффои кишвар карда баҳри боз ҳам гуг-гул шукуфон гардидани кишвари азизамон-Тоҷикистон дуои нек намуд.

Ба заҳматкаши ақибгоҳ Сафия Атоева туҳфаҳои молии Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.