zoofirma.ru

Имрӯз, 11.05.2023 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Дар марҳилаи кушодашавии озмун Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон Сафарзода Фаррух ва намояндаи Раёсати маорифи вилоят Зикриддин Соҳибназаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд ва дар замнаи он қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 28-уми апрели соли 2023, №94 ба тасвиб расидааст.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои баргузории озмуни мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Ҳамчунин теъдоди иштирокчиён сол аз сол зиёд гардида истодааст, ки ин аз рӯй овардани сокинон ба китобу китобхонӣ гувоҳӣ медиҳад. Соли қаблӣ дар даври шаҳрӣ беш аз 200 нафар иштирок намуда, 49 нафари онҳо дар даври вилоятӣ иштирок намуда соҳиби 6 ҷойи ифтихорӣ гардиданд ва ба он 6 нафар муяссар гардид, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур иштирок намуда, соҳиби як ҷойи 1-ум, ду ҷойи сеюм ва ду ҷойи ифтихорӣ гардида, тавонистанд дар сатҳи ҷумҳурӣ обрӯву нуфузи шаҳри Гулистонро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Изҳори итминон карда шуд, ки иштирокчиёни имсола бо омодагии ҷиддӣ ба озмун омадаанд ва ғолибони даври шаҳрӣ дар даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии озмуни мазкур шаҳри Гулистонро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби дастовардҳои арзанда мегарданд.

Сипас, хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимӣ дар рӯзи аввали баргузории озмун донишу маҳорати худро дар назди ҳайати ҳакамон санҷиданд.