zoofirma.ru

Имрӯз 12.05.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр дар доираи моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонони муассисаи таълимии ҷамоат баргузор гардид.

Дар кори конференсия Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Содиқзода Рухшона нозири калони минтақавии кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Муҳаббат Ҳакимова директори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки боиси хушнудии мо ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри бо сифати баланди касбӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои пайваста ва судманду таъсирбахш, ки маҷмуи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи муосир мустаҳкам мегардад.

Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон, ки ояндаи кишвар дар дасти онҳост таваҷҷуҳи хоса дошта, чунин зикр намудаанд: “Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд”.

Ҳамчунин қайд шуд, ки солҳои охир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наву лаёқатманд ва   дастгирии моддии ҷавонон мусоидат менамояд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ соли равон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамасола барои ҷавонон фаъол Стипендияи Раиси шаҳр муқаррар гардидааст. Лозим ба зикр аст, ки Стипендияи Раиси шаҳр дар соли 2021 барои 30 нафар муқаррар гардида буд ва соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирӣ ба ин қишри созандаи ҷомеаи теъдоди он ба 35 адад ва маблағи пулии он аз 900 сомонии соли 2021 ба 1100 сомонӣ расонида шуд, ки барои хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи озмун дода мешавад.

Ҳамчунин доир ба манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи он таъкид гардид, ки манфиатҳои миллӣ бар пояи мероси фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик асос ёфта, манфиатҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд ва ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ба мадди аввал баромада аст.

Агар ба ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ назар афканем бо ифтихор ва итминони комил метавон қайд намуд, ки дар 30 соли соҳибихтиёрӣ чунин амалҳо ба манфиати давлат, миллат ва халқ анҷом дода шудааст: хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо намудани сулҳ, то ба имрӯз нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, фарҳанг ва тамаддуни хеш, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи моликияти шахсӣ ва давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва ба ин монанд.