zoofirma.ru

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз​ Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» боздид намуда, бо ҷараёни корҳои таҷдиду бозсозии иншооти муҳими гидроэнергетикӣ шинос гардид.​

Лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”​ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб амалӣ гардида, бо татбиқи пурраи лоиҳа​ таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ​ мегардад. Иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии он аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида шуда, иқтидори неругоҳ 50 мегаватт ва истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 дар сад меафзояд.

НБО «Қайроққум» дорои шаш агрегат буда, корҳои сохтмонии он соли 1952 оғоз гардидаанд. Агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Иншооти гидроэнергетикӣ аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намуда, бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онро ба миён овард.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.