zoofirma.ru

Сокинони шаҳраки Адрасмон тантанаҳои наврӯзиро дар варзишгоҳи марказӣ доир намуданд. Қабл аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи варзишгоҳ намоиши дастранҷи ҳунарҳои бадеӣ – халқии мардум, таомҳои миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин, ки ифодагари оинҳои наврӯзӣ буданд, доир карда шуд.

Раиси Ҷамоати шаҳрак Сафар Нурматов ба тантана ҳусни ифтитоҳ бахшида, сокинон ва меҳмононро ба иди фархундаи Наврӯз табрику муборакбод намуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Илҳом Мадализода аз номи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода мардуми шаҳраки Адрасмонро таҳният намуд.

Бо иштироки дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таълимӣ ва кохи фарҳанг барномаи рангини консертӣ пешкаши ҷамъомадагон карда шуд.