zoofirma.ru

Имрӯз, 03.06.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони хоҷагии манзилию коммуналиро бо иди касбиашон табрик намуда, зикр дошт, ки ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон ба гулистон табдил ёбад.

Сокинони шарафманди шаҳри Гулистон тавассути корҳои ободониву кабудизоркунӣ ҳамеша ҷиҳати пойдориву шукуфоии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд, чунки зебоию ободонии ҳар як шаҳру деҳот аз худи мо вобаста аст ва барои мардуми мо, сатҳу сифати зиндагӣ, рушду нумуи Ватани азиз аст.

Изҳори итминон карда шуд, ки кормандони соҳа бо истифодаи имконияту захираҳо сатҳу сифати хизматрасониро баланд мебардоранд ва баҳри ободонии ҷомеа ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти халқ меҳнати фидокоронаи худро дареғ намедоранд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, ба кормандони соҳа дастархони идона ороста шуда ба онҳо кумаки яквақтинаи маводи озуқаворӣ тақдим гардид.

Аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ба ин муносибат барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.

Сипас, як нафар собиқадори соҳа аз ҷониби Раиси шаҳр аёдат карда шуда ба ӯ кумаки яквақтинаи моддӣ расонида шуд.