zoofirma.ru

Имрӯз, 03.06.2023 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ баргузор гардид.

Ярмаркаи мазкур ҷиҳати таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархҳои нисбатан ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардид.

Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.