zoofirma.ru

Қарори Раиси шаҳри Гулистон таҳти №85, аз 29-уми марти соли 2016 дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2016 ба имзо расид.

Тибқи ин қарор шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Ҳайати комиссияи даъвати баҳорона таъсис дода шудааст. Комиссариати ҳарбии шаҳр вазифадор карда мешавад, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, даъвати шаҳрвандонро таъмин намояд.

 

Барои сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳр, Маркази саломатӣ, Ҷамоати шаҳракҳо, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифадор шудаанд, ки кормандони масъулро сафарбар намуда, омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ намоянд.