zoofirma.ru

iДар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 384 млн.617,9 ҳазор сомониро ташкиил дод, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2015 113млн.542,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари 141,9 фоиз мебошад. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатӣ 2361 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо соли сипаригардида 565 сомонӣ афзудааст.

Дар давраи ҳисобӣ 29 корхонаҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликияти шаҳр фаъолият ва аз онҳо 14 корхона пешравии истеҳсолиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 118,3 фоиз то 259,4 фоиз таъмин намуданд.

ҶМ ТКММ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой», «Зарфишон», «Фаровон», «Хубон», «Чархи гандумин» ва ҶСК «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Шаҳри Гулистон чун минтақаи рушдёфтаи саноат дар вилоят эътироф шудааст. Дар семоҳа корхонаҳои саноатии шаҳр 30,7 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятро таъмин намуда, дар рушди иқтисодиёт саҳми муассир гузоштанд. Теъдоди миёнаи кормандони корхонаҳои саноатӣ 3750 нафарро ташкил дод, ки ин бо муқоиса ба ҳамин давраи соли гузошта 156 нафар зиёд аст.