zoofirma.ru

Бо мақсади пешгирии таҳдиди паҳншавии бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа, ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият бо мусоидат ба қарори Раиси вилояти Суғд, аз 29-уми январи соли 2016, таҳти №44 қарори навбатии Раиси шаҳри Гулистон аз 2-юми марти соли 2016, таҳти №71 “Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар шаҳри Гулистон” ба тасвиб расид. Низомнома ва ҳайати Шӯро иборат аз 14 нафар тасдиқ карда шудааст. Раисони Ҷамоати шаҳракҳо вазифадор гардиданд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷаро таъсис намоянд.