zoofirma.ru

Санаи 17.11.2023 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , генерал полковник Назарзода Рустам, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони масъули қисми низомӣ, волидайни наваскарон ва ҷавонони шаҳри Гулистон иштирок намуданд.

Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар фазои тантанавӣ наваскарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд.

Сипас, Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковник Назарзода Рустам ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода суханронӣ намуданд.