zoofirma.ru

Имрӯз, 24.11.2023 дар маркази шаҳри Гулистон роҳпаймоии идона ба муносибати 31-умин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии идона гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, варзишгарони шаҳр, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳо, донишҷӯёни муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳо бо шиору овезаҳо ва парчамҳо дар фазои идона аз назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то ба назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр роҳ паймуданд.

Дар роҳпаймоии идона беш аз 6000 нафар роҳпаймочиён иштирок намуданд. Ҳамчунин роҳпаймочиён парчамҳо дарозиашон 20,50 60, 70 ва паҳноияш 4 метрро бо рӯҳияи идона парафашон ба майдони Парчами давлатӣ бурданд.

Роҳандозӣ намудани чорабинии мазкур ҷиҳати арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ мебошад.