zoofirma.ru

Дар МТМУ №12 шаҳраки Адрасмон бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 93-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимоамалкунандаи «Корвони маънавиёт» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли 2016-Соли фарди солим” баргузор гардид.

Дар ибтидо роҳбари маҳфил Акбаралӣ Усмоналиев роҷеъ ба нақшаву ҳадафҳои маҳфил ибрози андеша карда, роҳбарон ва нуҳ аъзои  зермаҳфилҳоро доир ба ҷараёни он муваззаф намуд.

Дар саҳифаи «Минбари роҳбар» директори МТМУ №12 Улуғбек Ҳоҷаев аз фанни «Ҳифзи меҳнат»  дар доираи мавзӯи «Ташкили кор оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатари аз сӯхтор дар МТМУ № 12»   бо мавзӯи «Оид ба тартиб додани шиносномаи иҷтимоии МТМУ № 12»  барои кулли иштирокчиёни маҳфил аз рӯи таҷрибаи корӣ кушод гузаронд.

Иштирокчиёни маҳфил дар дарсҳои кушоди омӯзгорони муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Гӯзал Маматқулова (аз фанни математика), Дилфуза Тӯйқулова (аз фанни адабиёт), Маҳфират Ёрматова (аз фанни забони давлатӣ) ва Севара Нуритдинова (аз фанни ҳуқуқи инсон) иштирок намуданд. Дар фарҷоми тадрис паҳлӯҳои дарсҳои кушод мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.

Дар бахши «Имкон» ӯктамой Раҳмонова – собиқадори меҳнат, мушовири бойгонии шаҳр – дар мавзӯи «Аҳамияти нигоҳдории ҳуҷҷатҳои шахсии корманд дар ҳаёти минбаъдаи ӯ» баромад намуд.

Дар поёни «Корвони маънавиёт» директори МТМУ № 4 –и шаҳраки Адрасмон Худойбердӣ Мирзоев аҳли корвонро ба машғулияти 94-умин  , ки санаи 12 октябри соли 2016 дар муассисаи мазкур баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар машғулияти навбатии маҳфили «Корвони маънавиёт» собиқадори меҳнат, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  Санавбар Нуруллоева иштирок ва баромад намуд.