zoofirma.ru

Санаи 08.12.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар толори фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Адрасмони   хониши сиёсӣ доир ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.08.2021, №111 «Дар бораи татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», қарори Раиси вилояти Суғд аз 28.09.2021, №468 «Дар бораи татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори Раиси шаҳр аз санаи 25.10.2021, №266 «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оид ба пешгирии корруппсия дар мавзуи “Коррупсия – падидаи хатарзо барои амнияти миллӣ” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии №5, №7, №13 ва волидайни онҳо баргузор карда шуд.

Дар вохурии мазкур  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва  и.в. мудири бахши кор бо занон ва оила Сатторова Матлуба иштирок ва суханронӣ намуданд.

Истилоҳи коррупсия дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнони қадим, Мисри қадим, Ҳинд ва Чини қадим ва дигар тамаддунҳои қадимтарини дунё ба чашм мерасад. Масалан, дар китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар» омадааст: «Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту коргар бошад, кўшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон зарраи даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кўтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».

Дар пайрави гуфтаҳои боло дар адабиёти форсу тоҷик низ дар бобати ришва танқидҳои зиёде ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар осори бузургони адабиёти форсу тољик, амсоли Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарҳо дар бобати ришваю фасодкорӣ андешаҳои зиёдро дидан мумкин аст масалан Мавлоно мегӯяд: «Чун диҳад қозӣ ба дил ришват қарор,  Кай шиносад золим аз мазлуми  зор».

Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин маризии ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ медонад.

Бо мақсади амали намудани «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи  соли 2030» шахсони масъули Барнома, ки барои таҳлил баррасц ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегия вобаста гашта  бо кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоати шаҳракҳо  ва љавонон дар бораи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи  соли 2030» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳо ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Муқовимат бо коррупсия ин яке аз қисмҳои таркибии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз тарафи Сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар сатҳи миллию байналмиллалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешида истодаанд.

Мафҳуми коррупсия ин зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои коррупсионӣ, ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ бартараф намудани оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсиониро талаб менамояд.

Коррупсия зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ба ҳисоб рафта, яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалворидкунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст.

Дар доираи Стратегияи зикргардида масъалаҳои самарабахши мубориза бо коррупсия, механизми муносиби идоракуни ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлати, баҳисобгирии муҳосиби ва ҳисобдиҳии молиявӣ, ба таври электрони ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардида дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор танзими худро ёфтанд.