zoofirma.ru

Ба ифтихори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як гуруҳ ҳунарпарварони сирки давлатии пойтахт бо роҳбарии Шокир Болтаев имрўзҳо дар вилояти Суғд сафари ҳунарӣ доранд. Ҳафтаи гузашта барномаи рангини гуруҳ пешкаши устодону толибилмони МТМУ №1 гардид. Баромади ҳунарварони касбии сирк Шокир Болтаев, Алмос Илёсов, Фирдавс Ҷалилов ва дигарон мақбули тамошобинон шуд.