zoofirma.ru

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали гузаронидани иҷлосияҳои навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешида, санаи 25 декабри соли 2023 иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашумро доир намуд.

Дар кори иҷлосия, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, вакилони мардумӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсоне, ки ба рӯзномаи иҷлосия дахл доштанд ширкат намуданд.

 

Кори иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рўзнома оғоз гардид.

Иҷлосия аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат" №10, раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузор гардид.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои соли 2023, оид ба рафти иҷрои “Барномаи рушди Муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025”, дар шаҳри Гулистон, дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 21 декабри соли 2022, №159 “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2023, дар бораи тасдиқ намудани буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2024, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Носири Хусрав” №17, Қурбонова Одина Мелибоевна оид ба ваколатҳои вакилӣ, дар бораи муқарар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Гулистон барои соли 2024 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр. Оид ба масъалаҳои рўзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Пас аз баррасии масъалаҳо раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода маърўза намуда, ба масъулин баҳри босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин, роҳбарон ва фаъолони шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Дар интиҳо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати тандурустии вилоят Хайрулло Ҳабибзода оид ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳо баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №461 “Дар бораи “Барномаи рушди Муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025” дар шаҳри Гулистон ба масъулин, вакилони мардумӣ ва фаъолон дастуру пешниҳодҳо дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум хотима ёфт.