zoofirma.ru

Санаи 25 декабри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро прокурори шаҳр, Раиси Шӯро Вазирзода Вазир Зокир ва ҳамаи аъзоёни Шӯро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.

Ба кори ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардори раёсат, шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр, соҳибкорон, сардорони шуъбачаҳои милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ ва нозирони минтақавии милитсия иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома ҳолати иҷрои қонунгузории андоз ва масъалаи пинҳонкунии андоз, кам кардани бақияпулиҳои андоз дар корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар давраи сипаришудаи соли 2023 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Доир ба масъалаи баррасишаванда ахбороти ёрдамчии прокурори шаҳр, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 Умарзода Дилшод Ашурбой шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Раиси Шӯро, прокурори шаҳр Вазирзода В.З. баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба кормандони нозироти андоз дар шаҳр ва дигар масъулони соҳа оид ба таъмини риоя ва иҷрои қонунгузории андоз, ошкор намудани фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, саривақт пардохт намудани андозҳо ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти андоз супоришҳои мушаххас дод.