zoofirma.ru

Санаи 25 декабри соли 2023 раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Бойматова Маҳвашро ба ҳузур пазируфт. Мавриди зикр аст, ки Бойматова Маҳваш соли равон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик дар байни хонандагони синфҳои 5-11 мақоми севумро соҳиб гардида, шаҳри Гулистонро муаррифӣ намуд.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳр Бойматова Маҳвашро бо ин дастовард табрик намуда, баҳраш муваффақиятҳои нав ба навро орзу намуд. Ба Бойматова Маҳваш тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.