zoofirma.ru

Имрӯз, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 кормандони Муассисаи давлатии Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ ва нигоҳдории роҳҳои шаҳри Гулистонро табрик намуда, ба онҳо хушбахтиву хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ ва дар кору фаъолияташон, ки баҳри ободу зебо намудани шаҳр равона гардидааст комёбиҳоро орзу намуд.

Баъдан ба кормандон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маводи яквақтаинаи озуқаворӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.