zoofirma.ru

Қарори дигари Раиси шаҳр таҳти №98, аз 11-уми апрели соли равон “Дар бораи гузаронидани мусобиқа бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳрак, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ” ба тасвиб расид. Моҳияти асосии қарор ба фароҳам овардану тарғиб намудани корҳои ободкориву созандагӣ ва густариши дарки хештаншиносиву варзиш нигаронида шудааст, то ҷашни 25-солагии Истиқлолият бо армуғонҳои арзанда сазовор истиқбоол гирифта шавад.