zoofirma.ru

Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ташкил ва баргузор намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия санаи 13.01.2024 дар шаҳри Гулистон  ярмарка баргузор гардид.

Дар ярмарка корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ва корхонаҳои истеҳсолии дигар шаҳру нохияҳо маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.

Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.