zoofirma.ru

Санаи 02.02.2024 тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суғд аз 20-уми январи соли 2024 оид ба баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода, мудири бахши окр бо ҷавонон ва варзиш Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД-и шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳу баррасӣ гардид.

Дар Паёми Пешвои миллат роњи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мамомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён гардид.

Тавре ки аз оғози Паём зикр гардид: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Ин буд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли қаблӣ 8,3% зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст ва қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 102,5 фоиз таъмин гардидааст.

Дар фарҷом сокинон аз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода доир ба мусоидат намудан ҷиҳати ба кор даровардани Корхонаи маъдантозакунии Адрасмон, мусоидат ҷиҳати дастрас намудани нуқтаҳои мавҷпахшкунӣ ҷиҳати беҳтар гардидани сифати алоқаи мобилӣ ва мусоидат ҷиҳати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ барои сокинон дархост намуданд.