zoofirma.ru

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бевосита бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, ки дорои аҳамияти муҳими стратегист иқдомҳои зиёде роҳандозӣ шуда самар мебахшанд. Ва ин ҳадаф дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар низ ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи яке аз се ҳадафҳои миллии эълонгардида таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ба таври равшан баён шудааст.

Ба хотири дар кадом сатҳ амалишавии дастуру супоришҳои Сарвари давлат 20-уми апрел Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо  фаъолияти се корхонаи истеҳсоли орди дар минтақаи саноатӣ ҷой гирифта аз наздик шинос шуд. Раиси шаҳрро дар ин сафари корӣ муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Каримов, мудирони шуъбаю бахш ва дигар роҳбарони ташкилоту корхонаҳои масъул ҳамроҳӣ карданд.

Феълан дар ҳудуди шаҳр 5 корхонаи ордбарорӣ:Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Хубон”, “Чархи гандумин”, “Муфаззал”, “Зарфишон” ва “Фаровон-1”амал мекунанд. Тавре мудири бахши энергетика ва саноат Фазлиддин Орифов иттилоъ дод корхонаҳои номбурда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бо нархҳои муқоисавӣ аз 133,6 то 259,4 фоиз таъмин намуданд.

Раиси шаҳр бо шиносоӣ аз ҶДММ “Хубон” ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки омили асосии маваффақияти сифатнокии маҳсулот: қабл аз коркард аз муоинаи ташхисии гузаронидан, аз ҷиҳати санитарию экологӣ тоза буданаш риоя шавад. Бо иқтидори пурра ва мунтазам фаъолият доштани корхона, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ низ таъкид шуд.

ҶДММ “Чархи гандумин” бошад аз ҷумлаи корхонаи дуюм дар ин самт буд, ки Раиси шаҳр бо фаъолияти он шинос шуд.

Солҳои охир басо назаррас арзёбӣ шудани фаъолияти корхонаро Раиси шаҳр қайд кард. Баробари ин тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд ҷорӣ намудани техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон имкон фароҳам меоварад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазир мусоидат намуда, дар ин самт корро боз ҳам тақвият бахшем.

Ҳини боздид аз ҶДММ “Фаровон-1” низ Раиси шаҳр ба роҳбарияти корхона баҳри боз ҳам афузун бахшидани суръати афзоиш, андешидани чораҳо дар зиёд кардани теъдоди кормандон аз ҳисоби ҷавонон, таъмини шароити мусоиди корӣ, баланд бардоштани музди маош, саҳмгузорӣ дар корҳои ободкориву созандагӣ ва мадад ба табақаҳои нодори ҷомеа дастуру супоришҳои муфиду мушаххас дод.

Матлубахон Амонзода дар поёни сафари кории худ гуфт, ки соли равон ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуда мешавад. Мо бояд баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни миллӣ ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардем. Соли 2016 бояд барои ҳама, аз он ҷумла ба кормандони саноати шаҳр соли бобарору хотирмон гардад.