zoofirma.ru

Санаи 19.03.2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва шахсони масъул доир гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар шањр имконияти қабул намудани 2440 истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар як вақт мавҷуд аст.

Дар давоми соли 2023 - 3078 меҳмонони хориҷӣ ва 30024 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 33102 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ (соли 2022-33007), 100,3 фоиз мебошад.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар соли 2023 аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 40,4  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр имкониятҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст.

Ба масъулин супориш дода шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар даромадгоҳи шаҳр корбарӣ намоянд.